Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок доштанд.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои пешрафтаи ҷопонӣ ба минтақа, густариши кооператсияи саноатӣ ва таҳкими робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.
Лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ муаррифӣ шуданд.
Аз ҷумла, ташаббусҳои сармоягузории ӯзбекистониву ҷопонӣ, ба мисли сохтмони ду неругоҳи барқи офтобӣ дар Ӯзбекистон аз ҷониби ширкатҳои Sumitomo, Chubu Electric Power ва Shikoku Electric Power бо дастгирии JBIC ва NEXI, навсозии инфрасохтори IT бо иштироки Toyota Tsusho, таъсиси маркази бисёрсоҳаи тиббӣ аз ҷониби ширкати Sojitz, инчунин азхудкунии конҳои нави маъданҳои муҳими стратегӣ бо иштироки JOGMEC пешниҳод гардиданд.
Дар ҳузури роҳбарон мубодилаи тантанавии санадҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои мазкур баргузор шуд.