Дар ин чорабинӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои пешбари байналмилалӣ ва минтақавии варзишӣ, аз ҷумла ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, президенти Кумитаи олимпии Давлати Қатар Шайх Ҷауон бин Ҳамад Ал-Тани, президенти Агентии ҷаҳонии зиддидопинг Витолд Банка, президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика Моринари Ватанабэ, президенти Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ Муҳаммад Ҷалуд, президенти созмони World Boxing Геннадий Головкин, президенти Федератсияи байналмилалии хоккейи рӯи алаф Муҳаммад Тайяб Икрам, президенти Кумитаи паралимпии Осиё Маҷид Рашид, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков, котиби генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ Гунилла Линдберг, инчунин президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпии Африқо Мустафо Берраф ширкат варзиданд.
Илова бар ин, дар кори Ассамблея меҳмонони махсус ва шахсони расмӣ, аз ҷумла намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Паоло Замполли, вазири варзиши Федератсияи Русия Михаил Дегтярёв, вазири варзиши Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Сауд, ҳамчунин вазири кор бо ҷавонон ва варзиши Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Ал-Тани ва дигарон иштирок намуданд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат нақши махсуси варзишро ҳамчун василаи умумибашарии таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни давлатҳо дар шароити афзоиши чолишҳои глобалӣ таъкид намуд.
Президенти Ӯзбекистон Шайх Ҷауон бин Ҳамад Ал-Таниро бо интихоб шуданаш ба вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё табрик гуфта, касбияти баланд, таҷрибаи ғании байналмилалӣ ва саҳми назарраси ӯро дар рушди варзиш на танҳо дар Осиё, балки дар саросари ҷаҳон зикр кард.
Ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон бо Шӯрои олимпии Осиё таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, бомуваффақият баргузор шудани ҷаласаи 77-уми Кумитаи иҷроияи Шӯро дар кишвар, интихоб гардидани намояндаи ҷумҳурӣ ба вазифаи ноиби президент оид ба Осиёи Марказӣ, инчунин баргузории дарпешистодаи Бозиҳои ҷавонони Осиё дар соли 2029 таъкид шуд.
Сарвари давлат ҳамчунин аз ислоҳоти густурдае, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мегарданд, иттилоъ дод.
Низоми сесатҳии мусобиқаҳои маҷмӯии «Олимпиадаи Президентӣ» ҷорӣ карда шуд, инфрасохтори муосири варзишӣ, аз ҷумла Шаҳраки олимпӣ бунёд гардид, инчунин низоми интихоб ва омодасозии варзишгарони сатҳи баланд густариш меёбад.
Дастовардҳои баланди варзишгарони ӯзбек дар майдонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла баромади муваффақ дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024, ҳамчунин рушди варзиши оммавӣ дар кишвар таъкид гардид — имрӯз зиёда аз 15 миллион шаҳрванди мо ба таври мунтазам ба тарбияи ҷисмонӣ машғуланд.
Инчунин зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва осиёии варзишӣ бо федератсияҳои миллии варзишии Ӯзбекистон зиёда аз 20 созишнома ба имзо расонидаанд.
Аз ҷумла, Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ ба рушди клуби вазнабардории ба номи Акбар Жӯраев дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мусоидат хоҳад кард, Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Академияи минтақавии гӯштини варзиширо таъсис медиҳад, Конфедератсияи волейболи Осиё ифтитоҳи клубҳои волейболиро дар ҳар минтақа ба нақша гирифтааст. Бо мусоидати техникии Федератсияи байналмилалии хоккейи рӯи алаф ду варзишгоҳ барои ин намуди варзиш бунёд хоҳанд шуд.
Садоқати Ӯзбекистон ба принсипҳои варзиши ҳалол ва муборизаи пайгирона бар зидди допинг бори дигар тасдиқ гардид.
Дар ин замина, аҳамияти баргузории вохӯрии минтақавии созмонҳои зиддидопингии Осиёи Марказӣ ва форуми байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд таъкид шуд.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки Ӯзбекистони Нав барои ҳамкории ҳамаҷониба ва дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳо дар соҳаи варзиш боз аст ва омодагии худро барои рушди минбаъдаи дипломатияи варзишӣ ва ташаббусҳои муштарак таъкид намуд.
Дар поёни чорабинӣ барои саҳми махсус дар рушди ҳаракати олимпӣ ва пешбурди ташаббусҳои муҳими варзишӣ Шайх Ҷауон бин Ҳамад Ал-Тани бо ордени «Шон-Шараф»-и Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шуд.