Дар ҷараёни мулоқот, ки аъзои лига низ иштирок доштанд, масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҷопон, аз ҷумла тавассути ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар, баррасӣ гардиданд.
Ба саҳми Лигаи дӯстӣ, бахусус ба фаъолияти раиси он Таро Асо, дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Ҷопон баҳои баланд дода шуд.
Муҳимияти боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин афзоиши нақши «гурӯҳҳои дӯстӣ»-и парлумонӣ дар пешбурди ташаббусҳои муштарак таъкид гардид.
Дар натиҷаи мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки соли 2026 дар Ӯзбекистон Форуми навбатии байнипарлумонӣ баргузор карда шавад.
Лигаи дӯстӣ бо Ӯзбекистон соли 2002 таъсис ёфта, имрӯз беш аз 40 аъзо дорад. Ба ҳайати он шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Ҷопон, вакилони бонуфузи парлумон ва дипломатҳо шомиланд.