Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди ӯзбекистониву русиягӣ, пеш аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва барномаҳои мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ бо шаҳри Санкт-Петербург баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки нишондиҳандаҳои гардиши молҳои мутақобила афзоиш ёфтаанд – тибқи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми амалиётҳои содироту воридотӣ дар сатҳи минтақаҳо 20 фоиз афзуд. Айни замон корҳо оид ба ба роҳ мондани фаъолияти Маркази тиҷоратӣ дар пойтахти мо ва ҳамчунин омодасозии лоиҳаи сохтмони «Мавзеи Петербург» дар ҳудуди Тошканди Нав идома доранд.
Дар рафти сафар «харитаи роҳ» оид ба татбиқи 23 лоиҳаи ҳамкорӣ қабул шуд. Он самтҳои гуногун, аз ҷумла металлургия, асбобсозӣ, роҳсозӣ, фармасевтика ва соҳаи тандурустӣ, саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, логистика ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад.
Инчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба тавсеаи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои рушди тибби хусусӣ, маориф, хоҷагии коммуналӣ, технологияҳои рақамӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва сайёҳӣ дастгирӣ гардиданд.
Ба идомаи робитаҳои фаъоли гуманитарӣ ва мунтазам ташкил кардани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд.
Дар барои андешидани чораҳо бобати таъмини самаранок баргузор намудани ҷаласаи дуюми Шӯрои минтақаҳои ду кишвар, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, мувофиқа ба даст омад.