Дар ҷараёни суҳбати самимӣ, ки дар муҳити ғайрирасмӣ баргузор шуд, масъалаҳои вобаста ба татбиқи ислоҳот дар Ӯзбекистони нав, бахусус саҳми ҳамватанон ва ташкилотҳои диаспорӣ дар пешбурди фаъолонаи онҳо баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ «Марафони байналмилалии соҳибкорони ҳамватан» оғоз бахшида шуд, ки ҳадафи он фароҳам овардани минбар барои муколама миёни ҷавонон ва соҳибкорони муваффақ аз шумори ҳамватанон мебошад.

Иштирокчиён пешниҳодҳои худро дар бораи тавсеа ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва таълимӣ миёни Ӯзбекистон ва ИМА, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллӣ, пешбурди инноватсия дар бахшҳои тиб, нақлиёт ва логистика, инчунин рушди маркетплейсҳо дар кишвари мо баён карданд.

Сарвари давлат бо изҳори сипос ба ҳамватанон барои саҳмашон дар рушди Ватан таъкид намуд, ки тамоми пешниҳодҳо ва ташаббусҳои баёншуда аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар амиқ омӯхта мешаванд ва умдатаринашон амалӣ хоҳанд шуд.

Президенти Ӯзбекистон ба донишҷӯёни стипендияи «Эл-юрт умиди», ки шуморашон дар ИМА аз 500 нафар гузаштааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани имкониятҳо барои татбиқи дониш ва таҷрибаи онҳо дар кишвар яке аз афзалиятҳои калидии сиёсати миллӣ мебошад.

Шавкат Мирзиёев ба донишҷӯён дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи касбӣ барори кор орзу карда, зикр намуд, ки давлат ҳамеша барои ташаббусҳои ҷавонон кушода аст ва омода мебошад тамоми дастгирии заруриро фароҳам оварад.

Дар навбати худ иштирокчиёни мулоқот ба роҳбари Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳ ба диаспора ва насли наврас, барои имконияту шароити фароҳамовардашуда изҳори сипос намуда, итминон доданд, ки минбаъд низ саҳми бештари худро ба рушду шукуфоии Ватан мегузоранд.