Раиси Парлумони Чин ба раҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпинро расонд.
Дар рафти вохӯрӣ сатҳи олии дӯстии Ӯзбекистону Чин ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар солҳои охир бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.
Созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, пайваста амалӣ мешаванд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натоиҷи музокироти судманди сатҳи олӣ, ки дар чаҳорчӯби нишасти сарони СҲШ дар Остона баргузор шуд, ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо такони нав хоҳад бахшид.
Чин бори дигар пуштибонии қатъии худро аз барномаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон, бахусус дар масъалаҳои коҳиши камбизоатӣ, инчунин нақшаи қабули барномаҳои стратегии ҳамкорӣ дар соҳаи рушди инфрасохтор, ҳамкориҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи “сабз” тасдиқ кард.
Аҳамияти ҳарчи зудтар оғоз кардани корҳои амалӣ дар сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон таъкид шуд. Ба равобити интенсивии байниминтақавӣ баҳои баланд дода шуд. Соли оянда Форуми дуюми минтақаҳо баргузор мегардад.
Масъалаҳои ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Чин, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, дастгирии фаъолияти Донишкадаи Конфутсий дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд. Соли оянда баргузор намудани Форуми дуюми таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯи масъалаҳои табодули маданию туристӣ мубодилаи афкор барпо гардид.
Зарурати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъол кардани табодули вакилони парлумон ва омӯзиши таҷрибаи фаъолияти қонунгузорӣ ҷиҳати дастгирии ислоҳоти ҷоришаванда махсусан таъкид гардид.
Зимнан зикр гардид, ки қабули «харитаи роҳ» барои татбиқи чораҳои амиқтар кардани ҳамкориҳои парлумонҳои ду кишвар дар назар аст.