Сарвари давлати мо бо онҳо суҳбат орост.

Дар ҷараёни мулоқот гуфтугӯи бозу самимӣ перомуни ислоҳотҳои дар кишвари мо ҷараёндошта, инчунин орзуву ниятҳо, ҳадафҳо ва нақшаҳои ҳамватанон баргузор гардид.

Бо таманнои муваффақият дар кору таҳсил, Президенти кишвари мо изҳори итминон намуд, ки дониш ва таҷрибаи дар Кишвари тулӯи офтоб бадастовардаи онҳо ба рушди Ватани азизамон ва фаровонии зиндагии мардум хизмат хоҳад кард.