Тибқи барномаи сафар сарвари давлатамон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нахустин нишасти сарони давлатҳо дар шакли «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» иштирок кард. Дар ҳошияи чорабинӣ бо Валиаҳд, Сарвазири Арабистони Саудӣ Шайх Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд мулоқот анҷом дод.
Сарвари давлатамон ба шаҳри Маккаи мукаррама ташриф оварда, амалҳои Умраро анҷом дод.
Сафари кории Президент Шавкат Мирзиёев ба поён расид, сарвари давлатамон ба Тошканд баргашт.