Дар аввали вохӯрӣ Президенти БИР сарвари давлати мо ва мардуми Ӯзбекистонро бо 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар самимона табрик намуда, аз самими қалб рушди минбаъда, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар ин рӯзҳо дар пойтахти мо бори аввал аз оғози пандемия муҳимтарин чорабинии Бонк дар шакли рӯ ба рӯ баргузор мешавад.
Дар форуми олӣ намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узви БИР, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони бонуфуз ва ВАО иштирок мекунанд. Тақрибан 4,5 ҳазор вакил дар форматҳои онлайн ва оффлайн иштирок мекунанд.
Раҳбари Ӯзбекистон бори дигар Муҳаммад ал-Ҷасирро ба муносибати президенти БИР интихоб шуданаш табрик гуфт.
Оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сарвари давлатамон ба пайваста васеъ гардидани ҳамкорӣ бо БИР баҳои баланд дода, ҳиссаи муҳим ва дастгирии онро дар пешбурди барномаи нави ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон таъкид кард.
Имрӯз портфели ҳамкории амалӣ 29 лоиҳаи арзишаш тақрибан 2,5 миллиард долларро дарбар мегирад, ки соҳаҳои нақлиёт, инфрасохтори манзилию коммуналӣ, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии об, тандурустӣ, маориф, соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро дар фаро мегиранд.
Зимни мулоқот ба дурнамои густариши шарикии гуногунҷанба таваҷҷӯҳи ҷудогона зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, аҳамияти ҳарчи зудтар қабул ва татбиқи барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 ва роҳандозии намояндагии пурраи Бонк дар Тошканд, баланд бардоштани самаранокии воситаҳои маблағгузорӣ таъкид гардид.
Умед карда шуд, фаъолияти Фонди таъсисдодашавандаи васеъ гардондани имкониятҳои иқтисодии Ӯзбекистон ҳамчун мехнизми самарабахши дастгирии ташаббусҳои соҳибкории хусусӣ, мусоидат ба созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, хусусан бонувон ва ҷавонон хидмат хоҳад кард.
Оид ба идома додани ҳамкории наздик ва равобити фаъол ба мақсади рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории васеъмиқёс байни Ӯзбекистон ва БИР тавофуқ ҳосил шуд.