Бо ин Фармон мутобиқи бандии 23 моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 523 нафаре, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ҷазо мекашиданд, вале сидқан пушаймон гашта ва қотеъона ба роҳи ислоҳ қадам гузоштаанд, авф гардиданд.
Аз шумори авфшудагон 195 нафар пурра аз адои ҷазои асосӣ озод карда шуданд, 147 нафар шартан-пеш аз муҳлат аз адои ҷазо раҳо гардиданд, ҷазои таъиншудаи нисбати 87 нафар ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд. Илова бар ин, муҳлати ҷазо ба шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, ки нисбати 94 нафар таъин шуда буд, кӯтоҳ карда шуд.
Дар байни авфшудагон – 8 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, 45 нафар занон, 31 нафар мардони аз 60-сола боло, 220 нафар то 30-сола (аз ҷумла 1 ноболиғ), инчунин 15 нафаре ҳастанд, ки дар фаъолияти ташкилотҳои мамнӯъ иштирок доштанд.
Дар доираи татбиқи фармон ба вазорату идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки барои бозгардонидани афвшудагон ба оила ва наздиконашон, кӯмак дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ҷалб ба меҳнати судманд, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғоли ҷойи шоиста дар ҷомеа тадбирҳо андешанд.