Ҷонибҳо ҷанбаҳои амалии таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ӯзбекистон ва ИМА-ро баррасӣ карданд.
Дар оғози сӯҳбат, Президенти ИМА ба ислоҳоти бозгаштнопазир, ки солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав ҷиҳати модернизатсияи иқтисодиёт ва беҳсозии фаровонии рӯзгори мардум амалӣ мегарданд, баҳои баланд дод ва онро эътироф намуд.
Сарвари давлатамон дар навбати худ Президент Доналд Трампро бо натиҷаҳои назарраси сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки маъмурияти ИМА татбиқ менамоянд, самимона табрик кард. Саҳм ва талошҳое, ки ҷониби Амрико бобати ҳаллу фасли осоиштаи низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, таъмини амнияти глобалӣ ва субот амалӣ мекунад, махсус қайд гардид.
Ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду мамлакат диққати махсус дода шуд.
Масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои кооператсионии тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва афзоиши ҳаҷми созишномаҳои савдо баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди доимии нишондодҳои савдои дуҷониба мушоҳида мешавад. Соли 2024 ҳаҷми гардиши мол 15 фоиз афзуд.
Лоиҳаҳои кооператсионии ояндадор бахшҳои гуногунро, чун авиатсияи шаҳрвандӣ, захираҳои муҳими маъданӣ, саноати электротехникӣ, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ, молия, инноватсия, таълим ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Таъкид шуд, ки дар ҳамин моҳ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ва устувор бо ширкату ташкилотҳои пешрафтаи ИМА як қатор мулоқот ва музокироти дуҷониба баргузор хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, дар соҳаи амният, аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкории самарабахш роҳандозӣ шудааст.
Мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ густариш меёбад. Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи ИМА дар Тошканд муваффақона фаъолият мебаранд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки соли оянда дар ИМА баргузор мешавад, бори аввал иштирок намудани тими миллии Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ зикр гардид. Пешвои ИМА ба тими миллии футболи мо аз таҳти дил комёбӣ таманно кард.
Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ, сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла аз рӯйи амиқтар кардани ҳамкории минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар формати “C5+1” табодули афкор карданд.
Роҳбари давлат аз Доналд Трамп даъват кард, ки дар замони барояш мувофиқ бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон ташриф орад.
Ҷонибҳо барои идомаи мулоқотҳои сатҳи олӣ ҷиҳати пешбурди лоиҳа ва барномаҳои ҳамкории амалӣ ба мувофиқа расиданд.
Сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти ИМА Доналд Трамп дар рӯҳияи ошкоро, созанда ва дӯстона гузашт.