Дар оғози суҳбат роҳбари Беларус роҳбари Ӯзбекистонро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои бузург, ба халқи сермиллати Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.
Масъалаҳои татбиқи амалии созишҳое, ки дар натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус 7-9 феврали соли равон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси харитаи роҳ ба даст омадаанд, баррасӣ шуданд.