Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрсамтаи Ӯзбекистон ва Финляндия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва башардӯстӣ, дар заминаи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти Финляндия ба Ӯзбекистон муфассал баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки робитаҳои сиёсӣ ва мубодилаҳои байнипарлумонӣ идома доранд. Соли 2024 ҳаҷми савдои мутақобила 24 фоиз афзуд. Аз соли 2022 донишгоҳи финландии «Нордик» дар кишвари мо муваффақона фаъолият дорад ва лоиҳаҳо дар самти рушди таълими мактабӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо, мисли кишоварзӣ, саноати кимиё, энергетика, соҳаи истихроҷ, телекоммуникатсия ва дигар бахшҳои инноватсионӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар низоми маориф таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Барои таҳияи лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои пешбари ду кишвар баргузор гардад.

Ҳамчунин оид ба масоили муҳими байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт. Зарурияти ҳалли осоиштаи низоъҳо дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид шуд.