Сарвари давлати мо нақши таърихии роҳбари Озарбойҷонро дар таҳкими истиқлоли мамлакат, муттаҳид сохтани он, таъмини рушди устувор ва боло бурдани нуфузи байналмилалӣ махсус таъкид кард.

Дар доираи татбиқи созишномаҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, масъалаҳои муҳими густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва иттифоқчигии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон муҳокима гардиданд.

Самарабахш гардидани корҳои якҷояе, ки дар соли ҷории ҳамкории иқтисодӣ амалӣ шудаанд, бо қаноатмандӣ қайд гардид.

Муколама ва мубодилаҳои босамар дар ҳама сатҳҳо идома доранд. Гардиши молии мутақобила босуръат афзоиш ёфта, дар асоси «харитаи роҳ» лоиҳаҳо дар 20 самти афзалиятнок ба марҳилаи фаъоли иҷро ворид шудаанд.

Барномаи ғании табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди амал қарор дорад.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳамчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, нақшаҳои чорабиниҳои ояндаро баррасӣ карданд.