Сарвари давлатамон ба роҳбари Озарбойҷон барои меҳмоннавозии анъанавии гарму ҷғшон изҳори сипос кард.
- Рамзист, ки ман аввалин сафари худро пас аз интихобот ба Озарбойҷон анҷом медиҳам. Ин аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, майлу хоҳиши мутақобила барои наздикшавӣ, мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои ҳамкорӣ шаҳодат медиҳад, - гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Зимнан зикр гардид, ки Ӯзбекистон ҳамеша аз дахлнопазирии арзии Озарбойҷон пуштибонӣ мекард ва минбаъд низ дастгирӣ хоҳад кард. Дар робита ба ин, роҳбари кишварамон аҳамияти хоси истиқрори сулҳу субот дар Қарабоғро таъкид намуда, ба миқёс ва суръати корҳои барқарорсозӣ дар ин ҷо баҳои баланд дод. Натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯз барпогардида, ки дар рафти он тамоми масъалаҳои ҳамкории бисёртарафа муҳокима шуданд, бо қаноатмандии бузург қайд карда шуд.
- Бояд гуфт, ки миёни Ӯзбекистону Озарбойҷон ягон масъалаи мушкил вуҷуд надорад. Мо муҳим будани ҷустуҷӯи имконияту механизмҳои нави истифодаи самараноки иқтидори бузургро ба манфиати халқҳои бародар таъкид кардем, - қайд намуд роҳбари давлатамон.
Таъкид гардид, ки Созишномаи дар бораи таъсиси Шӯрои олии байнидавлатии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баимзорасида дар муносибатҳои дуҷониба марҳилаи навро мекушояд.
Зимни мулоқотҳои сатҳи олӣ самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба муайян карда шуданд.
Сарони давлатҳо ба афзоиши гардиши мол, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва инфрасохтори логистикӣ аҳамияти хоса доданд. Инҳо лоиҳаҳои бузург дар саноати мошинсозӣ, металлургия, энергетика, кишоварзӣ, электротехника, саноати нассоҷӣ, сайёҳӣ ва бисёр дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Инчунин оид ба татбиқи лоиҳаҳои рушди занҷирҳои нави логистикӣ ва бунёди инфрасохтор, зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли бор созиш ҳосил шуд.
Ҳамчун як муҳаррики дигари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ имкони минтақаҳои ду кишвар ба ҳадди аксар истифода хоҳад шуд. Ҳокимон ва роҳбарони маъмуриятҳо барои пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ва табодули башардӯстона дар маҳалҳо мунтазам мулоқот хоҳанд кард.
Дар рафти музокирот ба алоқаҳои фарҳангӣ диққати махсус дода шуд.
Ба қарибӣ дар Озарбойҷон Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон бо муваффақияти калон баргузор шуданд. Дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур дар Боку тақдимоти романи классики адабиёти ӯзбек Абдулло Қодирӣ “Рӯзҳои мозӣ”, ки ба забони озарбойҷонӣ тарҷума шудааст, баргузор гардид.
Рӯзҳои мутақобилаи маданият ва кино, вохӯриҳои зиёиёни эҷодкор ва илмӣ мунтазам гузаронда мешаванд. Имсол дар Ӯзбекистон нахустин форуми ҷавонони Ӯзбекистону Озарбойҷон баргузор мешавад.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба идомаи муколамаи судманд дар майдонҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони давлатҳои туркӣ, ИДМ, САҲА, Ҷунбиши бетарафӣ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.
- Музокироти имрӯза бори дигар нишон дод, ки муносибати мо ба таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ қатъӣ аст. Саъю кӯшиши мо ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас нигаронида шудааст, - гуфт дар хотима Президенти Ӯзбекистон.