Роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 23 Iyun 2021 6625

    23 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

    Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

    Аҳамияти татбиқи амалии қарордодҳои бадастомада ва созишномаҳое, ки бинобар натиҷаи сафари сатҳи баланд ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли равон ба имзо расиданд, қайд карда шуд. Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ мутобиқи "харитаҳои роҳ"-и қабулшуда таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    Роҳбарон оид ба вазъи дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадаистода мубодилаи афкор намуда, зарурати идомаи муколамаи наздик ва ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳоро ба мақсади таъмини амният ва субот, таҳкими ҳамсоягии нек дар минтақа таъкид карданд. Ҷадвали чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистода, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ низ баррасӣ шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates