Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон роҳбари давлати Туркияро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, шукуфоӣ ва муваффақиятҳои бузург ва ба халқи дӯсти турк сулҳу субот ва гул-гулшукуфӣ орзу кард.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд.
Рушди устувор ва босуръати ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Равобити пуршиддат дар сатҳҳои гуногун давом карда, нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ меафзояд. Миқёси ҳамкориҳои минтақаҳо ва корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар тавсеа ёфта, якҷоя як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ татбиқ мегарданд. Барномаҳои муҳими фарҳангию гуманитарӣ амалӣ мешаванд.
Сарони давлатҳо ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд дар Тошканд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Инчунин оид ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Суҳбати телефонӣ дар вазъияти анъанавии дӯстӣ ва боварӣ гузашт.