Дар оғоз, роҳбари кишвари мо таъкид кард, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон тасдиқи равшани пояндагии риштаҳои дӯстию ҳамсоягии нек миёни ду мардум мебошад.
Масъалаҳои муҳимми густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Туркманистон баррасӣ шуданд.
Ба корҳои дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, хоҷагии об ва дигар самтҳои муҳим анҷомдода баҳои баланд дода шуд.
– Бешубҳа, дар ин ҳама саҳми бузурги Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон, ҷаноби муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов низ ҳаст, – изҳор дошт Президент.
Тиҷорати мутақобила дар солҳои охир ду баробар афзуда, зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил дод. Таъкид шуд, ки имкониятҳои васеъ барои расонидани ин нишондиҳанда ба 2 миллиард доллар – бо роҳи тавсеаи номгӯй ва истифодаи самараноки низоми савдои озод мавҷуданд.
Оғози фаъолияти минтақаи савдои наздимарзии «Шавот-Дашоғуз» низ ба афзоиши гардиши мол мусоидат хоҳад кард. Дар мавриди татбиқи ин таҷриба дар манотиқи дигар, пеш аз ҳама дар минтақаи «Алот–Фараб», мувофиқа ба даст омадааст.
Бо мақсади густариши ҳамкории саноатӣ муҳим будани ҷалби фаъолонаи соҳибкорон ба татбиқи лоиҳаҳои нав – дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва дигар молҳои зарурӣ таъкид гардид.
Ҳамкории самаранок ва барои ҳар ду ҷониб судманд дар соҳаи энергетика ба роҳ монда шудааст. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки ба лоиҳаҳои бузургтар, аз ҷумла оид ба азхудкунии муштараки конҳои дорои имконоти умедбахш гузаранд.
Пайвандгари иқтисоди ҳар ду кишвар соҳаи нақлиёт мебошад. Ҳаҷми боркашонӣ меафзояд, тартиботи гумрукӣ ва логистикӣ содда мегардад. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки ба таври муштарак рушди порти Туркменбоширо идома диҳанд ва парвозҳои мустақими ҳавоиро байни пойтахтҳо барқарор намоянд.
Барои иҷрои саривақтии созишҳои ҳосилшуда то охири сол ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон баргузор хоҳанд шуд.
Сарварон таъкид карданд, ки пояи устувори робитаҳои бисёрҷониба соҳаи гуманитарӣ мебошад. Зикр шуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Урганч ва Тошканд ва намоиши филмҳои туркманӣ бо муваффақият сурат гирифт.
Барои нигоҳ доштани динамикаи ҳамкорӣ, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки ба таври мунтазам консертҳо ва сафари гурӯҳҳои театриро баргузор намоянд, Форуми ҷавононро дар Хива ташкил кунанд ва анъанаи эҷоди филмҳои муштаракро идома диҳанд.
Мубодилаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб низ фаъол гардонда мешаванд.
Дар анҷоми музокирот сарони давлатҳо супориш доданд, ки «харитаи роҳи» мукаммалро барои татбиқи ҳамаи созишҳои ҳосилшуда таҳия ва қабул намоянд.