Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон масъалаҳои таҳкими шарикии стратегиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 5 Oktabr 2021 2987

    Дар қароргоҳи Куксарой маросими истиқболи расмии Президенти Туркманистон баргузор шуд.

    Сипас, президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар доираи танг мулоқот анҷом доданд.

    Дар оғози мулоқот сарвари давлати мо раҳбари Туркманистонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфта, бори дигар ӯро бо 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар, ки 27 сентябр таҷлил шуд, табрик гуфт ва ба халқи бародари туркман сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард.

    - Ҳар як вохӯрии мо рӯйдоди таърихӣ ва муҳим аст. Ҳамаи созишномаҳое, ки ба даст оварда шуданд, ба ҳаёт татбиқ гардиданд ва ба халқҳои мо хизмат мекунанд. Имрӯз дар мо имконияти хубе барои муфассал баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами шарикиамон ва муайян намудани "нуқтаҳои афзоиш" барои пешомади дарозмуддат фароҳам меояд. Ташрифатон ҳамкориро дар майдонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ васеъ мегардонад, - таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Президенти Туркманистон барои меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, сатҳи баланди муносибатҳои тарафайни ду давлатро таъкид кард.

    - Ӯзбекистон ҳамсояи наздик ва шарики стратегии мост. Солҳои охир ҳамкории мо босуръат рушд мекунад. Он дар соҳаҳаи сиёсат, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангу гуманитарӣ инъикос ёфтааст. Мо дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ якдигарро дастгирӣ мекунем. Азбаски ҳадафҳои мо як аст, -- қайд кард Гурбангулӣ Бердимуҳамедов.

    Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ба сатҳи замонавии муносибатҳои дуҷониба, ки ба тамоюлҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ, эътимод ва дастгирии якдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд доданд. Роҳбарон тамоми спектри ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркманистонро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи амалии сиёсӣ, вусъат додани шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, амиқгардонии алоқаҳои фарҳангиву инсонпарварӣ эътибори алоҳида доданд.

    Дар давоми чор соли охир тиҷорати мутақобила се маротиба афзуда, аз 400 миллион доллар гузашт. Аз аввали сол муомилоти мол боз 25 фоиз афзуд.

    Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷониба, ки 14 сентябр баргузор гардид, инчунин Форуми иқтисодии Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки 4 октябр дар Тошканд баргузор шуд, ба густариши минбаъдаи робитаҳои судбахши иқтисодӣ хизмат хоҳанд кард.

    Иқтидори бузурги ҳамкории байни минтақаҳои ду кишвар, пеш аз ҳама минтақаҳои наздисарҳадӣ алоҳида таъкид гардид. Сафари дӯстонаи раҳбарони вилоятҳои Лебап ва Дашогузи Туркманистон ба вилоятҳои Бухоро ва Хоразми Ӯзбекистон 22 сентябри соли равон мисоли равшан мебошад. Президентҳо қайд карданд, ки чунин вохӯриҳои мунтазам ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни ду кишвар ва халқҳо хизмат хоҳанд кард.

    Ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии об баҳои баланд дода шуд. Ҷонибҳо баргузории бомуваффақияти аввалин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои идоракунии обро 13 сентябр дар шаҳри Тошканд истиқбол карданд.

    Инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аҳамияти мунтазам гузаронидани Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи созишномаҳое, ки дар мулоқоти охирини Аваза 6 августи соли равон ба даст омадаанд, таъкид гардид.

    Гуфтушунидҳо дар Тошканд боз як тасдиқи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии кишварҳо ва халқҳои мо гардиданд, ки имрӯз хусусан дар заминаи рӯйдодҳои ҷорӣ муҳиманд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates