Пеш аз ҳама, шумо – ҳазорон нафар роҳсозону локомативҳо, бинокорону муҳандисон, энергетикону алоқачиҳо, мошинисту нозирони вагони заҳматписанд, ҳамаи коргар-хидматчиён ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбии имрӯза аз самими қалб табрик гуфта, эҳтироми бузург ва таманниёти неки худро иброз менамоям.
Шабакаҳои нави роҳи оҳан ва коммуникатсионӣ, истгоҳу вокзалҳо, ки маҳз ба туфайли меҳнати фидокоронаи шумо бунёд мегарданд, хидматҳое, ки ба аҳолӣ ва ташкилотҳо пешниҳод мешаванд, ин ҳама бешубҳа, дар наздик кардани дури мардум, сабук намудани мушкили онҳо, афзунсозии иқтидори транзитии мамлакат ва таъмини кори муназзами соҳаҳои иқтисодиёт ва иншооти иҷтимоӣ аҳамияти бузург доранд.
Дар ин санаи муборак, ба дастаҳои сермиллати роҳи оҳан, ба тамоми кормандону хидматчиёни соҳа, ки шабу рӯз босамар меҳнат карда, дар рушди чунин соҳа бо масъулияти баланд саҳми муносиб мегузоранд, аз номи худ ва аз номи тамоми мардуми кишвар миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Муҳтарам, кормандони роҳи оҳан!
Ба шумо хуб аён аст, ки тайи солҳои охир дар раванди татбиқи барномаҳои рушди миллӣ ба баланд бардоштани иқтидори нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва транзитии мамлакат диққати махсус медиҳем. Бо қаноатмандӣ бояд таъкид кард, ки ба туфайли ислоҳоти густурда дар ин самт фаъолияти роҳҳои оҳани Ӯзбекистон куллан такмил ёфта, дар соҳа лоиҳа ва барномаҳои муҳим амалӣ мешаванд. Дар фурсати кӯтоҳ беш аз 3 800 километр роҳи оҳан барқӣ гардонида шуда, анҷом ёфтани бунёди роҳи оҳани “Бухоро — Урганҷ — Хива”, афзудани теъдоди локомотив, электровоз ва қатораи электрикии муосир дар парки локоматив аз густариши доираи корҳо дар ин самт гувоҳӣ медиҳанд.
Муҳимтар аз ҳама, ин талошҳо пайваста ва давомдор буда, тасдиқи амиқи онро дар мисоли роҳандозии ҳаракати қатораҳои барқии баландсуръат дар хатсайри “Тошканд — Урганҷ — Хива”, барқӣ гардонидани шабакаи роҳи оҳани “Мискин — Нуқус” ва босуръат идома ёфтани раванди бунёди хатсайрҳои “Тошканд — Бухоро — Хива” ва “Тошканд — Чирчиқ — Ҳоҷикент” дидан мумкин аст.
Ғайр аз ин, имсол бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва рушди сайёҳӣ корҳои бунёди хатҳои роҳи оҳан аз шаҳри Самарқанд ба шаҳри Ургут ва аз истгоҳи Байтқӯрғони вилояти Тошканд то ноҳияи Паркент оғоз ёфтанд. Инчунин, оғози сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон”, ки лоиҳаи бузурги байналмилалӣ мебошад, на танҳо барои ояндаи мамлакати мо, балки тамоми минтақа воқеаи бениҳоят муҳим гардид.
Кормандони азизи соҳа!
Фикр мекунам, ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки ҳоло дар назди мо ҷиҳати рушди минбаъдаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани навъ ва ҳаҷми хидматрасониҳо, баланд бардоштани сифати онҳо ва сохтмони иншооти муҳими инфрасохторӣ вазифаҳои бузург қарор доранд, инчунин барои Ӯзбекистони Нав саноати пурқудрати роҳи оҳан, шабака ва хидматрасониҳои роҳи оҳан заруранд, ки ҷавобгӯи талаботи замон бошанд.
Дар иҷрои чунин вазифаҳои бузургу масъулиятнок, ки дар таърихи мо мислаш дида нашуда буд, мо пеш аз ҳама ба шумо, кормандони дилсӯзу заҳматписанди роҳи оҳан, ки дорои дониши амиқ ва таҷрибаи ғании касбӣ ҳастед, кору касби худро аз таҳти дил дӯст медоред ва тамоми умри худро барои хидмат ба халқу Ватан бахшидаед, такя мекунем.
Бовар дорам, ки шумо аз чунин боварии баланди халқамон неру ва илҳом гирифта, боз ҳам меҳнати босамар намуда, албатта, рушди соҳаро ба марҳилаи нави тараққиёт мебароред.
Дар ҳамин маврид, мехоҳам таъкид намоям, ки фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои рушди соҳа ва дастгирии ҳамаҷонибаи меҳнати пуршарафу пурмашаққати шумо минбаъд низ дар маркази диққати давлат ва ҷомеаи мо хоҳад буд.
Шумо, азизонро бори дигар бо иди касбӣ самимона табрик намуда, бароятон саломатии мустаҳкам, ба хонадонатон осоиштагӣ ва бахту саодат, дар ҷодаи фаъолияти серпаҳлӯ комёбиҳои нав ва омад таманно мекунам.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон








