Ба ҳамаи шумо эҳтироми самимӣ ва орзуҳои нек баён мекунам.
Бо меҳнати боисрор ва бемайлон мо дар роҳи рушд дар соли 2022 ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Дар роҳи таъмини манфиатҳои инсон, шаъну шарафи вай қадамҳои муҳим ниҳодем.
Сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонӣ ва вазъи душвори ҷаҳон, иқтисодиёти Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш аст.
Деҳқонону фермерони моҳири мо бо меҳнати фидокорона ҳосили фаровон рӯёнданд.
Саноат, сохтмон, соҳаи технологияи рақамӣ, сайёҳӣ бо суръати баланд инкишоф меёбанд.
Шаҳру деҳаҳо, тамоми мамлакати мо дигаргун шуда истодаанд.
Ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд, даромад меафзояд, сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд мегардад.
Ҷавонони боистеъдоди мо шуҳрати Ватанро дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардонанд.
Нақш ва аҳамияти ниҳоди маҳалла дар ҷомеа пурзӯр мегардад.
Аз ҳама муҳимаш, дар кишварамон сулҳу осоиш ва ризоияти байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ ҳукм меронад.
Обрӯву эътибори Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ меафзояд.
Дар ин шоми идона мехоҳам бори дигар ба шумо, ҳамватанони азиз, ба тамоми мардуми мо барои комёбиҳои бадастоварда миннатдории худро изҳор намоям.
Дӯстони азиз!
Мо соли 2023-ро дар кишварамон Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат эълон кардем.
Дар соли нав мо корро оид ба таъмини ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон вусъат медиҳем.
Мо барои он шароитҳои нав фароҳам меорем, ки фарзандонамон таълиму тарбияи босифат гиранд, шахсияти баркамол ба воя расанд.
Ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ба собиқадорони гиромӣ, занон ва ҳамаи онҳое, ки ба кумак ниёз дорад, дар маркази эътибор қарор хоҳанд гирифт.
Дастгирии намояндагони илму фарҳанг, тиб, омӯзгорону мураббиён барои мо афзалияти муҳим хоҳад буд.
Хулоса, дар кишвари мо ҳеҷ кас аз таваҷҷуҳи ҷомеа ва давлат дур нахоҳад монд. Мо барои ин тамоми қувваю имкониятро сафарбар мекунем.
Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои аҷиб бори дигар ҳамаи шумо, тамоми мардуми моро бо соли нави 2023 самимона табрик мегӯям.
Бигзор Соли нав ба ҳар як оила саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орад!
Бигзор Ўзбекистони маҳбубу азизи мо гул-гул шукуфад!
Соли нав ба шумо муборак бошад, азизони ман!
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон