Мусофирони автобусҳои байнишаҳрӣ метавонанд чиптаҳоро онлайн харид кунанд

    Нақлиёт 31 Yanvar 2023 2065

    Дар Ӯзбекистон иловаи мобилии "UzBus" ба кор даромад. Бо ёрии он истифодабарандагон метавонанд дар шакли электронӣ ба рейсҳои автобусҳои байнишаҳрӣ, ки аз автовокзали "Тошканд" ба роҳ мебароянд, чиптаҳо харид кунанд.

    Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ба мусофирон имкон дода шудааст, ки дар вақти воқеӣ тавассути замимаи мобилӣ бо ҷадвали хатсайрҳои байнишаҳарӣ ва байналмилалии автовокзали "Тошканд" шинос шаванд.

    Дар айни ҳол тавассути иловаи мобилии “UzBus” дар шакли электронӣ ба автобусҳои хатсайри "Бухоро-Тошканд" чипта харидан мумкин аст.

    Хариди электронии чиптаҳо тавассути ин замимаи мобилӣ барои рейсҳое, ки аз ҳамаи минтақаҳо ба Тошканд анҷом дода мешаванд, зина ба зина дастрас хоҳанд шуд.

    Иловаи мобилии "UzBus"-ро метавон бинобар истиноди: https://play.google.com/store/apps/details?id=uz.avtoticket.uzbus зеркашӣ кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates