Дар ин бора рӯзи панҷшанбе агентии Agence France-Presse бо истинод ба як манбаи судӣ хабар дод.

"Асосгузори иловаи паёмрасонии Telegram Павел Дуров, ки ба як қатор ҷиноятҳои марбут ба ҷинояткории муташаккил айбдор карда мешавад, ба бекор кардани чораҳое, ки сафари ӯро ба хориҷа манъ мекарданд ва аз ӯ талаб менамдуанд, ки ба шӯъбаи полиси Нитса ҳозир шавад, ноил гардид", - гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти манбаъ, асосгузори Telegram "фармони судиро пурра иҷро кардааст". Павел Дуров аз охири моҳи августи соли 2024 дар Фаронса қарор дорад. Тибқи қарори судии ҷорӣ, ба ӯ хуруҷ аз мамлакат манъ карда шуд ва ӯ бояд ҳафтае ду маротиба ба шӯъбаи полиси маҳалли бақайдгирии худ ҳозир мешуд, хабар медиҳад report.az.