Ба хонандагони синфи якуми минтақаҳои Ӯзбекистон "Туҳфаҳои президентӣ" фиристода шуд

    Таълим 24 Avgust 2021 1684

    23 августи соли равон корвони "Тӯҳфаҳои президентӣ", ки маъмулан ба хонандагони синфи якум тақдим мешавад, роҳи минтақаҳоро пеш гирифт.

    Дар рӯзи аввали таҳсил интизор меравад, ки хонандагони синфи якум аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон тӯҳфаҳои анъанавӣ гиранд. Аллакай ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақрибан 650 ҳазор маҷмӯи лавозимоти зарурӣ фиристода шудааст.

    "Тӯҳфаи президентӣ" аз 12 номгӯи лавозимоти таълимӣ, аз ҷумла портфел, дафтарҳо, китобҳои расмдор, албом, акварелҳо, коғазҳои ранга, қаламдон, қаламҳои ранга ва оддӣ, ручка, пластилин, ширеш ва хаткӯркунак иборат аст, хабар медиҳад "Uzreport" бо истинод ба ВТХ.

    Бинобар маълумотҳо, туҳфаҳо аввал то вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё мерасанд. Дар маҷмӯъ, дар соли таҳсили 2021/2022 ба нақша гирифта шудааст, ки ба синфҳои якум 641 604 нафар хонанда қабул карда шаванд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates