Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 34-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона, рӯзона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 22-27 дараҷа гарм мешавад.