Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бегоҳӣ дар баъзе ҷойҳо каме борон меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад, дар шимол, ҷануб ва биёбон дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр афзоиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 35-40 дараҷа гарм шуда, дар минтақаи ҷанубӣ ва биёбон то 41-42 дараҷа мерасад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 25-30 дараҷа гарм мешавад.