Миёни Вазорати ТИК ва Донишкадаи Ачаря (Ҳиндустон) Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид

    Таълим 29 Iyul 2022 1881

    Дар ҳамкорӣ бо Конфедератсияи саноати Ҳиндустон ва Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон дар Деҳлӣ форуми тиҷоратии Ҳиндустону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

    Бизнес-форуми мазкур барои баррасӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иқтидорноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, ки ба рушди равобити тиҷоративу саноатӣ, нақлиётӣ байни ду кишвар, густариши даҳлезҳои транзитӣ байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон хидмат мекунанд, майдонча маҳсуб меёбад.

    Ба ҳамин муносибат дар доираи бизнес-форуми мазкур 28 июл ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, ҳокимияти вилояти Бухоро ва Донишкадаи Ачаря (Ҳиндустон) ба имзо расид.

    Дар доираи меморандум кушодани филиали Донишкадаи Ачаря дар ноҳияи Қарокўли вилояти Бухорои Ўзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Дар оянда ин муассисаи таълимии олӣ мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тайёр мекунад.

    Қобили зикр аст, ки вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Ш.Шерматов 19 январи соли равон бо роҳбарияти Донишкадаи Ачаря мулоқот доир намуда, дар рафти он масъалаҳои ифтитоҳи филиали ин донишкада дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

    Барои маълумот, шабакаи донишкадаҳои Ачаря, ки соли 1990 таъсис ёфтааст, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии хусусии Бангалор мебошад. Ба он 10 донишкада ва 15 маркази илмӣ-тадқиқотӣ дохил мешавад. Шабакаи донишкадаҳои Ачаря зиёда аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён ва 250 нафар докторантҳои 75 мамлакатро дарбар мегирад. Таҳсил аз рӯи зиёда аз сад барномаи таълимӣ сурат мегирад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates