Хукумати Ҷопон истеъфо дод

    Муҳим 13 Sentabr 2023 2651

    Дар Ҷопон девони вазирон дар таркиби пурра истеъфо дод. Сарвари ҳукумат Фумио Кисида талабҳои вазиронро қабул кард.

    "Мир24" хабар медиҳад, ки дар ояндаи наздик Кисида бо Нацуо Ямагучи, раиси ҳизби Комейто, ки шарики Ҳизби либерал-демократӣ дар коалитсияи ҳукмрон аст, мулоқот хоҳад кард.

    Сиёсатмадорон масъалаи ташкили девони вазирони навро муҳокима мекунанд. Пас аз анҷоми ин раванд, вазирони навро императори Ҷопон Нарухито дар як маросими махсус тасдиқ мекунанд.

    Интизор меравад, ки ҳукумати нав аз 19 вазир 13-тоашро иваз кунад, ки 11 нафари онҳо бори аввал мақоми худро соҳиб мешаванд. Панҷ вазифаро занон ишғол мекунанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates