Пеш аз ҳама, Шумо, азизон ва тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба
муносибати ҷашни мубораке, ки имрӯз дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса
таҷлил мегардад – Рӯзи дӯстии халқҳо, аз самими қалб табрик мегӯям.
Бидуни шак, дар ин рӯзи фараҳбахш мо бори дигар амиқ эҳсос
мекунем, ки сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва адён, таҳаммулпазирӣ
ва ҳамбастагӣ, ки бо саъю кӯшишҳои наҷиби халқи сермиллати мо дар ҷомеа ҳукмфармо
гардидааст, гаронбаҳотарин сарвати мост.
Имрӯз дар кишвари мо намояндагони беш аз 130 миллату халқият
ва 16 конфессияи динӣ, мисли фарзандони як хонавода, дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ
зиндагӣ карда, дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мо
инро бо ифтихор ва қадрдонӣ эътироф менамоем.
Ин гуногунрангии нодири миллӣ ва фарҳангӣ, ки падидаи воқеан
камназири иҷтимоӣ ба шумор меравад, дар таҳкими мавқеъ ва обрӯи Ӯзбекистони Нав
ҳамчун давлати инсонпарвар, ки дар он ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллат,
забон ва динаш, озоду обод зиндагӣ мекунад, нақши муҳим дорад.
Мо ҳақ дорем аз он ифтихор кунем, ки дар солҳои охир бар
пояи ғояи наҷиби “Қуввати мо дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ аст” намунаи ибратбахши
муносибатҳои байни миллатҳо ва таҳаммулпазириро дар кишварамон ба вуҷуд
овардаем.
Имрӯз ислоҳоте, ки дар самти таҳкими муносибатҳои байни
миллатҳо амалӣ мегарданд, рӯз аз рӯз густариш ёфта, аз лиҳози мазмун ва сифат
ба марҳилаи нави рушд қадам мегузоранд. Дар ин ҷода 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ,
аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо, ҳамчун
заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мо хизмат
мекунад.
Дар солҳои охир заминаи моддӣ ва техникии 157 маркази
миллии фарҳангӣ ва 46 ҷамъияти дӯстӣ, ки дар биноҳои замонавӣ фаъолият доранд,
боз ҳам мустаҳкам гардид. Ҷашнҳои умумихалқӣ, шабҳои дӯстӣ, фестивалҳо ва мулоқотҳое,
ки дар ин марказҳо баргузор мешаванд, имрӯз ба чорабиниҳои муҳими маърифатӣ
табдил ёфтаанд ва дар ташаккули симои фарҳангии мамлакат нақши арзанда доранд.
Дар муассисаҳои таълимии кишварамон раванди таълим бо ҳафт
забон ба роҳ монда шудааст. Мактабҳое, ки таълимро бо забонҳои халқҳои бародар
пеш мебаранд, аз ҳисоби давлат бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурӣ таъмин
мешаванд. Ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизион ва радио барномаҳо бо 12
забон пахш гардида, рӯзномаву маҷаллаҳо бо 14 забон нашр мешаванд.
Соли гузашта, дар арафаи Рӯзи дӯстии халқҳо, павилйони
марказҳои миллии фарҳангӣ, ки дар пойтахти мамлакат ифтитоҳ гардид, аз ҷониби ҷомеаи
ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт ва имрӯз ба маконе табдил ёфтааст, ки меҳмонони
зиёди хориҷӣ низ аз он боздид мекунанд.
Дар ҳудуди боғи “Ӯзбекистони Нав” дар пойтахт “Боғи таҳаммулпазирӣ”
таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакат деҳаҳои
этнографӣ ва сайёҳӣ ташкил гардидаанд, ки онҳо дар густариши фаъолият дар ин
самт нақши муҳим мебозанд.
Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки халқҳои паҳновари минтақаи
Осиёи Марказӣ аз қадимулайём бар пояи ҳадафҳои муштарак зиндагӣ ва меҳнат
намуда, дар роҳи пешрафт ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Боиси қаноатмандист,
ки чунин анъанаҳои неку созанда дар солҳои охир боз ҳам таҳким ёфта, ба марҳилаи
нави рушд ворид шудаанд.
Бовар дорам, ки ин ҳайати нави эҷодӣ дар чунин муҳити
мусоид ташаккул ёфта, рушд хоҳад кард ва дар ҳаёти фарҳангии мамлакат ҷойгоҳи
арзандаи худро соҳиб хоҳад шуд.
Дӯстони азиз!
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки дӯстии халқҳо арзиши муқаддаси
инсонӣ ва кафолати сулҳ, озодӣ ва зиндагии осудаву обод аст. Имрӯз, ки ҳамаи мо
барои саодати худ, оилаҳои худ, фарзандонамон ва барои тақдиру ояндаи Ӯзбекистони
азизамон ҳамчун як халқ ва як ҷомеаи ягона саъю талош меварзем, бешубҳа ба ҳадафҳои
волои худ хоҳем расид.
Шумо, азизон ва тамоми мардуми кишварро бори дигар аз
самими қалб ба муносибати 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо табрик мегӯям.
Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон