Раиси Сенат ва котиби генералии Иттифоқи байнипарлумонӣ масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар доираи иштирок дар сессияи 110-уми Конфронси байналмилалии меҳнат инчунин бо котиби генералии Иттифоқи байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот ба ҳамкориҳои пурсамари Ӯзбекистон бо Иттифоқи байнипарлумонӣ ва рушди парламентаризм дар кишварамон дар солҳои охир таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

    Дар рафти суҳбат масъалаҳои омодагӣ ва гузарондани ҳамоиши навбатии 14-уми занон-роҳбарони парлумонҳои ҷаҳон, ки дар Ӯзбекистон 8-9 сентябри соли 2022 баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд, хабар медиҳад, хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates