Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳангоми мулоқот Т.Норбоева меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кишварамон татбиқ мегарданд, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо кишварҳои хориҷӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла корҳои ҷорӣ оид ба таҳкими ҳамсоягии нек, таъмини субот дар Осиёи Марказӣ маълумот дод.
Дар навбати худ Н.Ламмерт ба тағйироту навсозиҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистон баҳои баланд дод.
Зимни мулоқот оид ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, такмили сохтмони давлатию иҷтимоӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.