Раиси Сенат бо омбудсманҳои кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом дод

    Раиси Сенат Танзила Нарбаева дар доираи Форуми якуми байналмилалии омбудсманҳои ҳуқуқи кӯдакони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо омбудсманҳои ҳуқуқи кӯдакони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин бо омбудсманҳои ҳуқуқи кӯдакони Норвегия, Хорватия ва Финландия, ки Раиси Шабакаи аврупоии омбудсмандони кӯдакон (ENOC) мебошад, мулоқот анҷом дод.

    Дар ҷараёни мулоқот махсусан ба асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва татбиқи самараноки назорати парламентӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

    Иштирокчиён заминаи қавии қонунгузориро, ки барои таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар Ӯзбекистон ба вуҷуд оварда шудааст, баланд арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, ба қабули қонунҳо «Дар бораи кафолати ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва қонун «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ», ки дар минтақа нодир мебошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Тәҷрибаи кишвари мо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла тақдимоти солонаи ҳисоботи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ба парламент оид ба вазъи кӯдакон ва қонунгузорӣ, ҳамчун намуна барои кишварҳои дигар эътироф гардид.

    Ҳамчунин, оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва иштироки фаъолонаи парламент, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар татбиқи чораҳои тавсиянамудаи онҳо мубодилаи афкор баргузор гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates