Сарвазирони кишварҳои узви ИИАО татбиқи лоиҳаи муштараки «Агроэкспресси Авруосиё»-ро тасдиқ карданд

    Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё фармоишеро қабул кард, ки ба татбиқи лоиҳаи муштараки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба амалисозии ҳамлу нақли босуръати роҳи оҳан ва мултимодалии «Агроэкспресси Авруосиё» мусоидат мекунад.

    Лоиҳа ба афзоиши ҳаҷми интиқол ва содироти мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, инчунин диверсификатсияи он нигаронида шудааст.

    «Дар зинаи аввал интиқоли мунтазам ба берун аз ҳудуди ИИАО аз рӯи ду самт – ба Чин ва Ӯзбекистон, инчунин ба қафо ташкил карда хоҳад шуд. Дар оянда роҳҳои фурӯшро метавон ба кишварҳои дигари минтақаҳои Осиё ва Аврупо васеъ кард, – гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии Авруосиё Андрей Слепнев. – Мунтазамии ҳамлу нақл имкон медиҳад, ки нархномаҳое, ки нисбат ба ҳамлу нақли баҳрӣ рақобатпазиранд, ташаккул дода шаванд, инчунин мӯҳлати интиқоли мол (то 10-14 рӯз ба Чин ва 4-7 рӯз ба Ӯзбекистон) коҳиш дода шавад. Ғайр аз ин, дар назар дошта шудааст, ки тамоми инфраструктураи зарурӣ — занҷири муътадили логистикии таъминот ташкил карда шавад.

    Вазир фаҳмонд, ки сухан дар бораи таҳвили маҳсулоти равғану чарбӯ, шир, гӯшт, меваю сабзавот ва тайёр, инчунин дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо эътибор ба молҳои маржиналӣ меравад.

    Ҳангоми татбиқи лоиҳаи муштарак имкон дорад, ки дар як ҳафта ду қатори пурраи контейнерӣ аз рӯи масири «Ҷумҳурии Беларус – Федератсияи Россия – Ҷумҳурии Қирғизистон – Ҷумҳурии Қазоқистон – Ҷумҳурии Халқии Чин», аз ҷумла қатораҳо бо контейнерҳои яхдон барои маҳсулоти яхбаста ба роҳ монда шаванд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми ҳармоҳаи ҳамлу нақл дар самти Чин метавонад ҳудуди 10 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.

    Иштирок кардан дар лоиҳаи муштарак аз ҷониби ҶММ «Бремино Групп» (Ҷумҳурии Беларус), ҶС «KTZ Express» (Ҷумҳурии Қазоқистон), КД "НК "КТЖ" (Ҷумҳурии Қирғизистон), ҶС «РЖД Логистика» (Федератсияи Русия), ЫС «Славтранс-Сервис» (Федератсияи Русия) тасдиқ гардид. Барои иҷрои вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ АНО «Агрлогистикаи Авруосиё» таъсис дода шудааст.

    Барои маълумот: дар соли 2019 лоиҳаи “Агроэкспресс”, ки ҳамлу нақли мунтазами контейнерии маҳсулоти киоварзиро бинобар хатсайри роҳи оҳан ба Чин пешбинӣ менамуд, ба Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд. Аз соли 2021 лоиҳа инчунин дар самти "Русия – Ӯзбекистон" татбиқ шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates