Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони воломақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ва масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии комиссия баррасӣ шуд.

Сипас, таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдулло Арипов бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб нӯҳумин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Пас аз баррасии масъалаи иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳаштуми Комиссия, дар ҷаласаи нӯҳум масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дорусозӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳайатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар асоси таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо ривоҷ ёфта, натиҷаҳо дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ назаррасанд.

Дар соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 447,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 34,2 дарсад бештар аст. Ин нишондиҳанда дар солҳои охир баландтарин буда, нисбат ба соли 2015 37 маротиба бештар будааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба афзоиши минбаъдаи нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар ва густариши муносибатҳо дар ҳама бахшҳои мавриди назар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар поёни кори ҷамъомад ҳуҷҷати хотимавӣ ба имзо расид. Қарор шуд, ки ҷамъомади навбатии Комиссия соли 2023 дар Тошканд баргузор шавад.

Дар чаҳорчӯби ҷамъомади  нӯҳум Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан  ва маҳсулоти алкоголӣ шинос шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар корхона ҳудуди 20 намуди оби бегаз ва газдор, инчунин нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол карда мешавад.

Истеҳсоли обҳои хуштаъмӣ сиёма кола, сиёма афлесун и сиёма нок дар зарфҳои пластикӣ ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҳайат бо шароити кор, хатҳои нави истеҳсолӣ ва бастабандии нӯшокиҳои ташнагишикан шинос шуда, инчунин ба ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Илова бар ин, ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дидан кард.

Қобили зикр аст, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ бузургтарин иншооти варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст.

Маҷмааи варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дорои ду ҳавзи шиноварӣ – нимпӯшӣ ва пӯшида мебошад. Дар баробари ин, он аз толори универсалии теннис иборат аст, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Меҳмонон зимни шиносоӣ аз Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ ба марҳилаи нави рушд расондани ҳамкориро дар соҳаи варзиш афзалиятнок ва манфиатовар арзёбӣ намуданд.