Сарвазирони Ӯзбекистон ва Гурҷистон нақшаи рушди ҳамкориҳоро то соли 2025 имзо карданд

    Сарвазирони Ӯзбекистон ва Гурҷистон Абдулла Арипов ва Ираклий Гарибашвили дар мулоқот дар Тифлис нақшаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро ба давраи аз соли 2023 то 2024 имзо карданд. Дар ин бора хидмати матбуоти ҳукумати Гурҷистон хабар додааст.

    "Пас аз мулоқот дар ҳайати васеъ, сарвазирони Гурҷистон ва Ӯзбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбирҳои муштараки амалӣ оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Гурҷистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2023 ва 2024-ро ба имзо расониданд", — омадааст дар хабар.

    Ҳайатҳои вакилон инчунин созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои тиҷоратии ду кишварро аз ҷониби палатаҳои савдо ва саноат имзо карданд.

    Қабл аз мулоқот дар ҳайати васеъ саррвазирон имконоти транзитӣ дар масири байналмилалии нақлиётии Транс-Хазарро баррасӣ карданд. Гарибашвили аз номи ҳукумати Гурҷистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Ӯзбекистон табрик гуфт.

    Сарвазири Ӯзбекистон А.Арипов рӯзи душанбе бо сафари расмӣ ба Гурҷистон омад. И Гарибашвили соли гузашта ба Тошкент сафар карда буд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates