«Дар рафти музокирот бо роҳбарони Русия ва Покистон ман ба ӯҳдадории Эрон ба сулҳ дар минтақа таъкид кардам. Ягона роҳи хотима бахшидан ба ин ҷанг, ки аз ҷониби режими сионистӣ ва ИМА оғоз шудааст, эътирофи ҳуқуқҳои қонунии Эрон, пардохти ҷубронпулӣ ва пешниҳоди кафолатҳои устувори байналмилалӣ барои пешгирӣ аз таҷовузҳои оянда мебошад», дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст ӯ.
Ба гуфтаи манбаи РИА Новости, дар шароити кунунӣ Теҳрон масъалаи гуфтушунид бо Вашингтонро баррасӣ намекунад, менигорад ria.ru.