– Мо аз рӯзҳои аввали ислоҳот шаъну шарафи одамро арзиши олии ҷамъиятамон муайян кардем. Дар Конститутсияи навшудаи кишварамон мо мустаҳкам намудем, ки Ўзбекистон давлати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи умумии мо ин аст, ки бо таъмини адолат ва волоияти қонун зиндагии мардумро обод гардонем, – гуфт роҳбари давлат.
Барои ин ба сохторҳои ваколатдор тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Тайи ду соли охир доир ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 10 қонун, наздик ба 40 фармону қарори Президент, зиёда аз 60 қарори ҳукумат қабул гардид. Музди меднати коркунони мақомоти муҳофизати тартибот, махсусан, коркунони органҳои мудофизати тартибот хеле зиёд карда, ба онҳо имтиёзҳои сершумор дода шуд. Барои «панҷгонаи маҳалла» зиёда аз 30 ҳазор штатҳои нав ҷорӣ карда шуд, зеро таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ маҳз аз маҳалла оғоз мешавад.
Аммо дар зарфи 6 моҳи охир дар маҳаллаҳо қариб 12 ҳазор ҷиноят содир шудааст, ки онҳоро пешгирӣ кардан мумкин буд. Аз 9,5 ҳазор маҳалла дар 1,5 ҳазораш вазъияти ташвишовари криминогенӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар робита ба ин, барои суст ташкил намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва кор бо аҳолӣ ба муовини якуми Прокурори генералӣ, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, инчунин муовини вазири корҳои дохилӣ, ки масъули таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад, танбеҳ эълон карда шуд.
Сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Сергели, Янгиҳаёт, Шайхонтоҳур, Ғиҷдувон, Когон, Тупрокқалъа, Тахтакупир, Томди, Яккабоғ, Олтинсой, Зафаробод, Боёвут, Гулистон, Мингбулоқ, Олтинкӯл, прокурорҳои ноҳияҳои Андиҷон, Бандихон, Бувайда, Нарпай, Юнусобод аз вазифа озод карда шуданд.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар маҳаллаи “Олтин Жағис”-и шаҳри Нуқус низоми нави кор бо шахсони ба содиркунии ҷиноят майлдошта ҷорӣ карда шуд. Дар доираи ин низом шахсони ин тоифа аз рӯи принсипи “пешгирии иҷтимоӣ” ба “панҷгонаи маҳалла” дохил карда шуданд. Аммо дар тамоми ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани ин низом суст аст.
Гуфта шуд, ки тартиби нави пешгирии ҷинояткорӣ дар маҳалла ҷорӣ карда мешавад. Супориш дода шуд, ки барои тамоми фаъолони маҳаллаҳо оид ба «пешгирии иҷтимоӣ» вазифа ва методика таҳия карда шавад.
Вазифа гузошта шуд, ки системаи иттилоотии «Вазъияти иҷтимоӣ» оид ба мушкилоти иҷтимоӣ ва криминогенӣ дар ҳудуди вилоят, ноҳия ва маҳалла, инчунин рақами ёрии таъҷилии «112» бо хадамоти диспетчерӣ ба кор андохта шавад.
Бо таассуф қайд карда шуд, ки ҳар як шахси сеюми ҷиноят содиркарда ҷавонон мебошад. Вобаста ба ин, Шӯрои байниидоравӣ таҳти роҳбарии раиси Хадамоти амнияти давлатӣ оид ба кор бо ҷавонони номуташаккил дар асоси равиши ягона таъсис дода мешавад. Шӯро барномаҳои мақсадноки кор бо ҷавононро ба амал мебарорад.
Дар вохӯрӣ ба ҷиноятҳои хонаводагӣ ва ҷиноятҳои занон дахл карда шуд. Таъкид гардид, ки кор бо оилаҳое, ки мушкилоти иҷтимоиву маишӣ доранд, бояд ба самти афзалиятноки мақомоти давлатӣ табдил ёбад. Бо ин мақсад Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд. Акнун барои кумак ба оилаҳое, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, “парвандаи иҷтимоӣ” кушода мешавад. Дар асоси тамоюли «Оилаи бехатар» системаи алоҳидаи кор ташкил карда мешавад.
Вазифа гузошта шуд, ки усулҳои нави таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳия карда, савияи дониш ва ҷаҳонбинии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шавад.
Таъкид гардид, ки мардум аз вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ комилан норозианд.
Масалан, дар давоми шаш моҳи охир қариб 4 ҳазор садамаи автомобилӣ рӯх дода, 873 кас ҳалок шуд, зиёда аз 3,5 ҳазор кас зарар дид.
48 фоизи садамаҳо аз сабаби суст будани инфрасохтори роҳ ба амал омадааст. Аз сабаби набудани шароити зарурӣ барои пиёдагардҳо соли ҷорӣ бо иштироки онҳо 1859 ҳодисаи нохуш рӯй дода, 334 кас ҳалок гардид.
Сарвари давлатамон барои барқарор намудани тартибот дар соҳаи бехатарии роҳ ташаббусҳо ба миён гузоштанд. Дар асоси принсипи «Бехатарии ҳаракат дар роҳ – таҳти назорати ҷамъият» соле камаш ду маротиба дар байни аҳолӣ пурсиш гузаронида мешавад. Кумитаи роҳҳои автомобилгард ва роҳбароне, ки барои бехатарии роҳ масъуланд, ҳар шаш моҳ дар назди парлумон ва ҷомеа ҳисобот медиҳанд.
Ба нақша гирифта мешавад, ки аз мафҳуми ҷойгиркунӣ даст кашида, барои ҳамаи кормандони хадамоти роҳу патрулӣ минтақаи масъулиятшиносии маҳаллаи фарогирифта муайян карда хоҳад шуд.
Дар ҷамъомад ба фаъолияти роҳбарони алоҳида, ки номи корманди ҳифзи қонунро бадном мекунанд, дахл карда шуд. Супориш дода шуд, ки ба амали онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи тартибот ва ҳокимони вилоятҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда маълумот пешниҳод намуданд.