Аз ҷониби Венгрия менеҷерони олирутба ва муассисони OTP Bank, BDPST Group, 4iG, Indotek, MVM, Duna Group, MOL Group, H2O Consortium, Inpark, Wizz Air ва дигарон намояндагӣ карданд.

Сарвари кишварамон дар суханронии худ таъкид намуд, ки аз мулоқот бо соҳибкорони Венгрия оғоз ёфтани сафари расмии худ маънии рамзӣ дорад.

Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки сармоягузориҳои мустақими Венгрия ба иқтисодиёти Ӯзбекистон босуръат афзоиш меёбанд. Масалан, OTP Bank чанде пеш яке аз бонкҳои бузурги Ӯзбекистонро харид намуда, дар бозори молиявии кишвари мо мавқеи устувор касб кард.

Нақшаҳои нави OTP оид ба таъсиси як ширкати муштарак барои рушди қарздиҳӣ барои хариди автомобил, оғоз намудани барномаи маблағгузории тиҷорат, сохтмони кластери калонҳаҷми паррандапарварӣ дастгирӣ ёфтанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва ҳавасмандгардонии интиқоли технологияҳои пешрафта дар вилояти Тошканд минтақаи махсуси саноатӣ барои ширкатҳои аврупоӣ таъсис дода мешавад. Идораи ин минтақа ба ширкати Inpark-и Венгрия супурда хоҳад шуд.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ  Президенти Ӯзбекистон як қатор самтҳои афзалиятнокро муайян намуд. Аз ҷумла, маблағгузории муштараки лоиҳаҳо ва дастгирии содироти маҳсулоти тайёр ба бозорҳои пешомадноки кишварҳои сеюм.

Аҳамияти пурзӯр гардондани алоқаҳои нақлиётӣ, бахусус афзоиши боркашонӣ ва рушди парвозҳои мустақим миёни ду кишвар таъкид гардид.

Сарвари давлатамон изҳори миннатдорӣ кард, ки ширкатҳои Венгрия ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар навбати худ, намояндагони тиҷорат пешниҳодҳо ва нақшаҳои густариши ҳамкориро баён карданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав бинобар чунин самтҳо, ба мисли таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳҳо, сохтмони марказҳои логистикӣ ва шабакаҳои коммуналӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, маводи кимиёӣ ва доруҳо.

Дар анҷоми вохӯрӣ Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки мулоқотҳо дар чунин формат ба таври мунтазам баргузор шаванд.

– Мо барои рушди робитаҳои устувор миёни доираҳои соҳибкории кишварҳоямон тамоми шароитро фароҳам хоҳем овард, – таъкид намуд Президенти Ӯзбекистон.

Дар охири чорабинӣ бо ҳузури роҳбари кишвари мо маросими мубодилаи созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ баргузор гардид.