Дар мулоқот роҳбарони вилоятҳои Нижний Новгород ва Омск, минтақаҳои Бошқирдистон ва Красноярск низ иштирок карданд.
Дар аввали суҳбат меҳмони олимартаба ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Русия Владимир Путинро расонд.
Дар асоси “харитаи роҳ” татбиқ кардани созишҳое, ки дар натиҷаи мулоқоти сатҳи олӣ ба даст омадаанд, баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки ҳаҷми муомилоти савдо устуворона афзоиш меёбад, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, металлургия, кимиё ва дигар бахшҳо татбиқ мегарданд.
Аҳамияти нигоҳ доштани суръати мубодилаи мол, тезонидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла дар доираи минтақаҳои саноатӣ, идома додани ҳамкории фаъол миёни минтақаҳо ва доираҳои тиҷорат, андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда дар ин самт таъкид гардид.
Ба ин маъно, натиҷаҳои ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ ва чорабиниҳои соҳибкорӣ, ки имрӯз дар Тошканд баргузор гардиданд, баланд арзёбӣ шуданд.
Инчунин, дар доираи мулоқот роҳбарони ширкатҳои пешсафи Русия ба Президенти мо нақшаҳои мушаххаси татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, энергетика, электротехника, мошинасозӣ, кимиё, фармасевтика, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ муаррифӣ карданд.








