Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба феҳристи «500 мусулмони обрӯмандтарини ҷаҳон шомил шуд», - хабар медиҳад The Muslim 500.
Нашрия қайд мекунад, ки Шавкат Мирзиёев ислоҳоти тадриҷӣ, аз ҷумла маҳдуд кардани салоҳияти хадамоти амният, рағбатноксозии тиҷорат ва сармоягузории хориҷӣ ва додани озодии бештари сиёсиро амалӣ кардааст. Вай саъй кард, ки равобитро бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин бо Амрико, Чин ва Русия беҳбуд бахшад.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдул-Азиз ас-Сауд, ки масъули ҳаҷҷи солона аст, дар ин раддабандӣ ҷои аввалро ишғол кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон.
Пештар хабар шуда буд, ки Шавкат Мирзиёев 18 август умра (ҳаҷи хурд)-ро дар зиёратгоҳи асосии ислом – шаҳри Макка, ки дар он ҷо ба ӯ шарафи махсус дода шуд, анҷом дода, вориди Каъба шуд, ки дарҳои он танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои меҳмонони гиромӣ боз мешавад. Шавкат Мирзиёев 7 маротиба тавофро анҷом дод, яъне атрофи Каъбаро давр зада, дар байни теппаҳои Сафо ва Марва ҳафт сайру гашт кард.