Дар чорабинии идона, сарвари давлати мо ин мукофотҳоро ботантана супурд.
Мукофотонидашудагон ба Президент барои эътимод ва таваҷҷӯҳи баланд, имкониятҳои барои ҷавонон фароҳам овардашуда изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки онҳо фаъолияташонро идома дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам баландтар ва сазовор шудан ба боварии давлат тамоми саъю кӯшишашонро сафарбар мекунанд.
- Ҷавонони соҳибмаълумот асоси оянда мебошанд. Бо саъю кӯшиши имрӯза шумо барои оянда замина гузошта истодаед. Ман бо шумо фахр мекунам, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат бо ҷавонписарон ва духтарони дар форум ҷамъомада сӯҳбат кард. Андешаву ташаббусҳои изҳоркардаи ҷавононро дастгирӣ кард, ба шахсони масъул дастурҳои дахлдор дод.
- Ман аз дидани он шодам, ки эътиборе, ки мо ба ҷавонон медиҳем, натиҷа медиҳад. Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он ҷавонон муваффақ нашуда бошанд. Агар мо ба ҷавонон роҳ кушоем, онҳоро дастгирӣ кунем, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил хоҳем шуд. Қудрате, ки ман аз ҳама бештар эътимод дорам, сарвати азими кишвари мо ҷавонон аст, - гуфт Президент.
Чорабинӣ бо барномаи калони консертӣ ба анҷом расид.