Сарвари давлат аввал аз шаҳраки саноатии "Юксалиш"-и ноҳияи Давлатободи Намангон дидан карда, бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Glass Expo" шинос шуд.

Дар ин ҷо шиша аз нав коркард шуда, он дар услуби замонавӣ бо нақшу нигори замонавӣ  ороиш дода мешавад. Корхона дар соли 2019 ба истифода дода шудааст ва бо фаъолияти худ ба маҳаллисозӣ ва ивазкунии воридоти маҳсулоти шишагӣ ба минтақа мусоидат мекунад. Пас аз расидан ба иқтидори пурра, он метавонад солона ба маблағи 1,2 миллион доллар маҳсулот содир кунад.

Президент бо раванди технологӣ ва намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуд.

Дар ин ҷо бо соҳибкорон сӯҳбат сурат гирифт.

- Соҳибкорон - ояндаи Ӯзбекистон. Дар тӯли панҷ соли охир, мо тамоми кӯшишҳои сиёсиро барои рушди бозор анҷом додем. Ҳоло шумо бояд  бобати баланд бардоштани сифат, рақобат, содирот кор кунед. Нақшаҳои калон кашида, ҳар рӯз чизи навро ҷорӣ кунед. Дар ин бора ба шумо Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ кӯмак мерасонад, он сармоягузори лоиҳаҳои шумо мегардад. Ҳангоми муколамаи ошкоро бо соҳибкорон моҳи август мо нақшаҳои зиёде гузошта будем. Дар оянда оид ба онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд, имкониятҳои иловагӣ ба вуҷуд меоянд. Муҳити зист бояд тавре бошад, ки ҷавонони бекор ба соҳибкор ва тиҷорати хурд ба сармоягузорони калон табдил ёбанд.

Сарвари давлат қаблан ҳам аз маҳаллаи Юксалиш дидан карда буд. Ҳамон вақт ӯ оид ба табдил додани маҳалла ба як шаҳри саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ дастур дода буд.

Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари ҳолоина бо корҳои созандагии анҷом додашуда  шинос шуд.

Дар давоми се-чор соли охир маҳалла ба майдони азими сохтмон табдил ёфт. Дар ин ҷо 71 бинои бисёрошёна сохта шудааст. Имсол боз 5 бинои бисёрошёна, оянда - 11 бинои бисёрошёна сохта мешавад.

Ба мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои соҳибкорон ва таъмини шуғл минтақаҳои хурди саноатии "Юксалиш", "Ёшлар" ва "Кушон" созмон дода шуданд.

Дар минтақаи хурди саноатии "Юксалиш" 96 лоиҳа ба маблағи 1,2 триллион сӯм татбиқ карда мешавад.  То имрӯз зиёда аз 7 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар минтақаи хурди саноатии "Ёшлар" 60 лоиҳа ба маблағи 804 миллиард сӯм, дар МХС "Кушон" - 129 лоиҳа ба маблағи 1,6 триллион сӯм ҷойгир карда шудаанд. Дар онҳо мутаносибан тақрибан 5 ҳазор ва 13 ҳазор ҷойҳои корӣ созмон дода  хоҳанд шуд.