Дар ин корхона истеҳсоли модулҳои микропротсессорӣ, ки барои идентификатсия пешбинӣ шудаанд, сим-картаҳо, инчунин кортҳои нақлиётӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалии пардохт роҳандозӣ мешавад.
22 январи соли 2025 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ ҷиҳати ба марҳилаи нави рушд баровардани саноати электротехника» қабул гардид. Дар ин ҳуҷҷат вазифаҳо оид ба рушди саноати электротехника ва соҳаҳои марбут, инчунин ҳавасмандсозии истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ ва дорои арзиши иловашудаи баланд муайян шудаанд.
Дар пояи ин супоришот, корхона барои ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва ташаккули низомҳои мусоиду бехатари пардохт барои ниёзҳои ҳаррӯзаи шаҳрвандон воситаҳои заруриро истеҳсол менамояд.
Арзиши умумии лоиҳаи корхона, ки таҳти ҳамкорӣ бо ширкати «Infineon Technologies»-и Олмон дар ҳудуди технопарки «Eltech Industrial» сохта мешавад, миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳоло марҳилаи дуюми корҳои сохтмон 15 фоиз иҷро гардида, 7 миллион доллар сармоя азхуд шудааст.
Дар маҷмааи муосир, ки 4 гектар масоҳатро дар бар мегирад, қариб 100 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ба маблағи 6 миллион доллар содирот амалӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки дар давоми соли 2025 ба мамлакат ба маблағи 35 миллион доллар модулҳои микропротсессорӣ, сим-карта ва намудҳои гуногуни кортҳои пардохт ворид гардидаанд.
Баробари пурра ба кор даромадани корхона, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 5 миллион доллар таъмин гардида, арзиши аслии маҳсулот дар бозор 3–5 фоиз арзон хоҳад шуд.
Маҳсулоте, ки дар корхонаи муосир истеҳсол мешавад, ба кишварҳое чун Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Мозамбик ва Камбоҷа содир мегардад.
Сарвари давлат бо шароити фароҳамшуда, равандҳои технологии истеҳсолот дар корхона, ки аз рӯи ҳаҷми истеҳсол дар байни кишварҳои ИДМ мақоми сеюмро ишғол хоҳад кард, аз наздик шинос гардид.
Президент аз рӯйи масъалаҳои ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти баландарзиш, баланд бардоштани салоҳияти кадрҳои маҳаллӣ ва густариши минбаъдаи содирот супоришу тавсияҳои муҳим дод.