Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст, танҳо дар баъзе ҷойҳои вилояти Сурхондарё ва вилоятҳои водии Фарғона каме барф меборад, дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё пагоҳӣ дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли боридани барфи сабук дар назар аст. Роҳҳо ях мебанданд. Дар баъзе ҷойҳо туман ба амал меояд. Шамол дар як сония аз самти шарқ 7-12 метр, дар водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 2 дараҷа хунук — 3 дараҷа гарм, дар шимол 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Тибқи иттилои хитдмати Узгидромет, дар пойтахт боришот намешавад. Дар роҳҳо яхбандӣ ҳосил мешаванд. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 1 дараҷа сард - 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф меборад. Роҳҳо ях мебанданд. Дар баъзе ҷойҳо туман падид меояд. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа хунук мешавад.