Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан борон меборад. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-17 метр шиддат гирад. Ҳарорат 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борону барф) борида, баъзан шиддат гирифта, эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Хавфи тармакӯчӣ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-18 метр пурзӯр мегардад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.