Имрӯз рӯзона дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё ва дар нимаи дуюми рӯз дар вилоятҳои Самарқанду Ҷиззах баъзан борон борида, дар баъзе ҷойҳо шиддат мегирад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва ноҳияҳои водии Фарғона бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр пурзӯр мегардад, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 23-28 дараҷа, дар шимол 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 25-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ҷойҳои доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бориш шуда, ҳодисаҳои селу обхезӣ имконпазир аст. Хавфи тармакӯчӣ мавҷуд аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 12-17 дараҷа гарм мешавад.