Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво нимаабр мешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Рӯзона ҳаво то 34-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат вуҷуд дорад ва дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр мевазад, ҳангоми раъду барқ то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад.