Имрӯз дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва бегоҳ дар вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо боришот (борон, барф) дар назар аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр вазида, дар баъзе ноҳияҳо то 25-27 метр пурзӯр мегардад, падид омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ҷойҳои ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ барф меборад. Эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Хавфи тармакӯчӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 3-8 дараҷа гарм мешавад.