Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, то 15-17 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ҷойҳои доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) мешавад. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Эҳтимол туман фаро гирад.  Шамол дар як сония 7-12 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр мевазад. Ҳарорат 3-8 дараҷа  гарм мешавад.