Кадом бемориҳоро бо «Спутник V» эм кардан мумкин нест?

    Тандурустӣ 20 Iyun 2021 1575

    Беморони гирифтори крапивнитса ва конъюнктивит дар марҳилаи шадид набояд бо «Спутник V» эм карда шаванд. Дар ин бора директори Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея А.Гинтсбург иброз дошт.

    Вай тавзеҳ дод, ки ҳама гуна авҷгирии беморӣ хилофи эмкунӣ мебошад, аммо пас аз ду ҳафтаи ба эътидол омадани вазъ, ваксина иҷозат дода мешавад.

    Ҳамзамон онҳоеро, ки гирифтори бемориҳои дилу раг, роҳи нафас, гепатити С, саратон дар давраи ифоқат ҳастанд, эм кардан мумкин аст.

    Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки эмкунӣ бо ёрии доруи "Спутник В"-и Русия антителаҳоро бо COVID-19 ҳадди аққал шаш моҳ таъмин мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates